Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо вусъат меёбанд

Санаи 5 декабри соли 2023 дар доираи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28), дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, раванди таъсис ва корбарии “Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, мониторинги пиряхҳо, хатари кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим бо иштироки ҳайати кишварҳо, намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ва коршиносони мустақил матраҳ гардид.

Кишвари моро дар чорабинии мазкур сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Рамазон муаррифӣ намуд.


07.12.2023