Санаи 15 январи соли ҷорӣ роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Гурӯҳи техникии Бонки Ҷаҳонӣ вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон оид ба фаъолиятҳо дар самти тағйирёбии иқлим, обуҳавосанҷӣ, яхшиносӣ ва мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ шиносоӣ пайдо намуда, тасмим гирифтанд, ки дар оянда ҳамкориро бо Агентӣ тақвият медиҳанд.
Дар ин дидор ҳамзамон масъалаҳои методологияи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, тағйирёбии иқлим, самтҳои асосии фаъолият ва муайянкунии чаҳорчӯби институтсионалии миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим матраҳ гардиданд.
16.01.2024