Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Истифодаи маълумотҳои шабакаҳои худкори агрометеорологӣ

Рӯзҳои 22-23 январи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ООО "Мeteo lux"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати “Micro Step-Mis”-и Ҷумҳурии Словакия семинари омӯзишӣ оид ба истифода ва нигоҳдории стансияҳои худкори агрометеорологиро гузарониданд, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалиашонро такмил доданд.

Бояд қайд намуд, ки дар охири асри XIX соҳаи нави метеорология ба вуҷуд омад, ки ҳоло онро агрометеорология меноманд, ки он шарҳҳои метеорологӣ, иқлимшиносӣ ва гидрологияро омўхта, таъсири онҳоро ба объектҳо ва ба раванди истеҳсолии зироатҳои кишоварзӣ нишон медиҳад. Вазифаи асосии мушоҳидаҳои агрометеорологӣ - ин алоқамандии мунтазам ва дар вақти муайян гузаронидани мушоҳидаҳо, вазъияти тағйирёбии ҳолатҳои агрометеорологӣ, тағйирёбии нашъунамои зироат ва ҳолати ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

26.01.2024