Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари минтақавӣ оид ба мавзӯи “Афзоиши сармоягузорӣ ба системаҳои огоҳии бармаҳал”

Таърихи  1-2 феврали соли равон дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд семинари минтақавӣ оид ба мавзӯи “Афзоиши сармоягузорӣ ба системаҳои огоҳии бармаҳал” баргузор гардид, ки дар рафти он Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони мақомоти роҳбарикунанда, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.

Дар рафти семинари мазкур сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Рӯзиев Комрон дар мавзӯи “Барномасозии системаи огоҳии бармаҳал ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки огоҳии бармаҳал, яъне ба роҳ мондани системаҳои амалиётии барвақтӣ метавонад устувории ҳар як кишварро барои кам кардани хисорот аз тағйирёбии иқлим ва ҳодиссаҳои шадиди обу ҳаво таъмин намояд. 

02.02.2024