Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Натиҷагирӣ аз иштироки Кумита дар 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим - COP28

Санаи 7 феврали соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) мизи мудаввар дар мавзӯи “Натиҷагирии 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии мизи мудаввари мазкур муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳо мебошад.

        Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 3 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зеррин матраҳ гардиданд:

 -баррасии гуфтушунидҳо ва таъсири онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ;

-натиҷаҳои Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;

-натиҷаҳои фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28).

        Дар чорабинии мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва директори намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) муҳтарам Питер Райли иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар баромадашон оид ба масъалаҳои мушкилоти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, чораандешиҳои фаврӣ ҷиҳати кам кардани партови газҳои гулхонагӣ ва дар ин самт беҳтар кардани манфиатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ махсусан қайд намуданд.

08.02.2024