Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни “31-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 23 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳли нишастро хайрамақдам ва табрик намуданд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуданд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори Артиши Миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.

Дар рафти ҷаласа баромадкунандагон оиди таърих, заминаҳои пайдоиш ва давраҳои рушди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ҳидоят намудани ҷавонон ибрози ақида намуданд. 

23.02.2024