Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 7 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “ Рӯзи модарон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрику таҳният намуд.

Мавсуф дар баромадашон қайд  намуданд, ки аз тарафи ҳукумати мамлакат барои ҷалб намудани занон ва бонувон дар мақомоти давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба монанди, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» қабул гардида, амалишави онҳо давра ба давра ба роҳ монда шудаанд.

Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад ва дар соҳаи обуҳавошиносӣ низ модарони мушфиқу меҳрубон дилбохтаи касби хеш буда, кӯшиш менамоянд, ки дар ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон ва дар ин замина дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обуҳавошиносӣ саҳми босазо гузоранд.

Дар суханрониҳои кормандони Агентӣ оиди қадру манзалати Зан-Модар- офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон будани Модарон васф гардид.

        Дар охири чорабинӣ барои меҳнати собитқадамона ва фаъолияти пурсамар бонувони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

09.03.2024