Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Истифода ва тадқиқи шабакаҳои мушоҳидавии обуҳавосанҷӣ” дар доираи лоиҳаи “Хизматрасониҳо дар самти обуҳаво, об ва иқлим”

Рӯзҳои 27-28 майи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Хизматрасониҳо дар самти обуҳаво, об ва иқлим (WWCS)”, ки аз ҷониби ташкилоти “Каритас Швейтсария” амалӣ мегардад, семинари омӯзишро дар мавзӯи «Истифода ва санҷиши шабакаҳои мушоҳидавии обуҳавосанҷӣ» барои мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷӣ баргузор намуд.

Ҳадафи семинари мазкур шинос намудани мутахассисони шабакаҳои давлатии  Агентии обуҳавошиносӣ бо ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа, инчунин равандҳои насб ва нигоҳдории стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ мебошад, ки насби онҳо аз ҷониби ташкилоти "Каритас Швейтсария" ва Дафтари Швейтсария оид ба рушди ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳа насби 300-350 стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа хизматрасониҳои боэътимод ва маҳаллигардонидашудаи самтҳои обуҳавошиносӣ, обшиносӣ ва иқлимшиносиро барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳот барои системаи самараноки огоҳии барвақтӣ дар самти падидаҳои хатарноки иқлим ва идоракунии истифодаи замин пешниҳод менамояд.


30.05.2024