Санаи 10 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Форуми байналмилалии пиряхҳо доир гардид.
Форуми байналмилалии пиряхҳоро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “ЮНЕСКО” баргузор намуд.
Дар Форуми байналмилалии пиряхҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Директори генералии “ЮНЕСКО” хонум Одри Азуле, намояндагони махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ва намояндагони дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим ва пиряхшиносӣ иштирок намуданд.
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баромад намуда, доир ба нақшаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҷонибдории иқдоми панҷуми глобалии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои Тоҷикистон ифтихори бузург буда, масъулияти кишвари моро дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва вусъати ҳамкории байналмилалӣ дучанд менамояд.
Дар Форуми байналмилалии пиряхҳо Директори генералии “ЮНЕСКО” хонум Одри Азуле, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи ваколатдори Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, намояндагони хадамотҳои обуҳавошиносии кишварҳои аъзои Иттидоҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир ба иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти онҳо, инчунин интизории ҷомеъаи байналмилаӣ аз иқдомҳои ҷаҳонии кишвари мо изҳори назар намуданд.
Гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии пиряхҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи пиряхҳо (соли 2025), пешниҳоди Харитаи роҳ оид ба татбиқи Соли байналмилалии пиряхҳо гузаронида шуда, дар ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт нақши муҳим мегузорад.
Дар рафти Форум оид ба ташаббусҳои навбатии Ҳукумати мамлакат дар бораи таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, дар соли 2025 баргузор намудани Экспедитсияи байналмилалии баландкӯҳии омӯзиши пиряхҳо ва мақоми Стансияи глятсиологии илмӣ-тадқиқотии байналмилалии баландкӯҳии Ванҷях додан ба стансияи обуҳавосанҷии Гарбунова иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ қабул гардид.
11.06.2024