Санаи 12 феврали соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ оид ба мавзӯи “Шарҳи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” бо иштироки васеъи кормандон баргузор гардид.
Дар ҷараёни омӯзиш Сардори Раёсати таъминот ва хоҷагӣ Абдуназаров И. баромад намуда, иброз доштанд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1042 аз 4 апрели соли 2018 қабул гардида, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ин самт бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, таҳкими пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, инчунин таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ, инчунин, моҳияту ҳадафи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳу эзоҳ дода шуданд.





12.02.2026