Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ОБУҲАВОШИНОСИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Рӯзҳои 22–25 июни соли 2026 намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Корея ва Институти метеорологии Корея бо сафари корӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадафи асосии сафари корӣ шиносоӣ бо вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷии кишвар, арзёбии фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ ва баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди инфрасохтори обуҳавошиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ва машваратҳои техникӣ, ҳамзамон шиносоӣ аз вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ, низоми ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли маълумоти соҳавӣ, инчунин инфрасохтори иттилоотии Агентӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба истифода ва такмили серверҳо, шабакаҳои алоқа, системаҳои мониторинг, инчунин санҷиш ва насби таҷҳизоти нави мушоҳидавӣ муҳокима шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои техникию илмӣ, табодули таҷриба, омӯзиши мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири обуҳавошиносӣ мубодилаи афкор намуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Корея дар самти татбиқи технологияҳои пешрафтаи обуҳавошиносӣ, системаҳои худкори мушоҳидавӣ ва идоракунии маълумоти обуҳавошиносӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Омӯзиш ва истифодаи ин таҷриба метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати мушоҳидаҳо ва такмили хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши басомади падидаҳои хавфноки табиӣ, рушди шабакаҳои мушоҳидавӣ, такмили низоми ҷамъоварӣ ва интиқоли маълумот, рақамикунонии равандҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа ба шумор мераванд.

Ҳамкориҳо бо ҷониби Ҷумҳурии Корея барои тавсеаи мубодилаи таҷриба, рушди иқтидори техникӣ ва кадрии соҳаи обуҳавошиносии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун қадами муҳим дар ин самт арзёбӣ мегардад.

25.06.2026