Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Санаи 13 августи соли 2026 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо роҳбарияти Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дениз Люти баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаҳои обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим, мониторинги зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагони Агентӣ оид ба фаъолияти кунунии соҳаи обуҳавошиносӣ, самтҳои афзалиятноки рушди соҳа, инчунин лоиҳаҳои банақшагирифташуда, ки ба навсозии инфрасохтор, такмили низоми мушоҳидаҳо, пешгӯӣ ва огоҳсозии бармаҳал равона гардидаанд, маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, ба масъалаҳои дастгирӣ ва таҳкими иқтидори Агентӣ, такмили заминаи техникию технологӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва табодули таҷриба бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот аз рӯи самтҳои калидӣ тасдиқ намуданд. Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкориҳо ба таҳкими соҳаи обуҳавошиносӣ, баланд бардоштани иқтидор ва самаранокии фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазамро идома дода, имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдори рушди байналмилалӣ баррасӣ намоянд.

 

14.08.2026