Санаи 7 июни соли ҷорӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Директори генералии Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳабибуллоев Шерзод Хабибуллохуҷаевич ва директории Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии обуҳавошиносии назди Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Агзамов баргузор гардид.
Меҳмононро дар саҳни Агентӣ роҳбарият ва ҳайати кормандон бо риояи анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд. Ба меҳмонон дар бораи нақша ва дастовардҳои Агентии обуҳавошиносӣ, ки аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, маълумот дода шуд. Ҳайати меҳмонон аз Маркази обуҳавосанҷӣ, Маркази автоматикии алоқа, Студияи хурди метеорологӣ ва дигар марказу раёсатҳо дидан намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ҳамкории дуҷониба дар самти табодули маълумоти ҳавошиносӣ, обшиносӣ, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон баррасӣ гардиданд.
20.04.2023