Санаи 16 - 17 августи соли 2022 дар шаҳри Ҳисор тренинги омӯзишӣ оид ба ҳамгироии хатарҳои иқлим ба сиёсати об ва нақшаҳои идоракунии ҳавзаҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби Барномаи рушди СММ баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии тренинги омӯзишӣ ташкил намудани кори муштараки коршиносони гурӯҳӣ ва инфиродӣ бо истифода аз методологияҳои мувофиқ барои тавлиди дониш ва ғояҳои амалӣ оид ба хатарҳои иқлим ва хатарҳои марбут ба захираҳои об, инчунин нақшаҳои идоракунии ҳавзаҳо дар водии Фарғона буд.
Дар рафти тренинг иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, машғулиятҳоро дар самти хатарҳои иқлимӣ ва сенарияҳои захираҳои обӣ дар водии Фарғона бо истифода аз усулҳои гуногун роҳандозӣ намуданд.
Баргузории чунин намуди тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисон боиси дастгирӣ буда, барои рушди соҳаи обуҳавошиносӣ нақши муҳимро мебозанд.
24.04.2023