Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., сардорони воҳидҳои сохтории Кумита, роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам ва табрик намуданд. Шерализода Б.А. дар баромади худ чунин қайд намуданд: - “Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар пойдор бимонад”.

Барои дастовардҳои меҳнатӣ як қатор собиқадорон ва фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист бо медалҳои “Хизмати шоиста”, нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” ва ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Пиряхҳои Тоҷикистон сарчашмаи обҳои Осиёи Миёна” бо диплому ифтихорномаҳои таъсисдодаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 

24.04.2023