Таърихи 22 сентябри соли 2022 «Мизи мудаввар оид ба Ҳисоботи 6-уми арзёбии ГКБ ТИ (Гуруҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим)» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хулосаҳои калидӣ дар доираи Ҳисоботи 6-уми арзёбии ГКБ ТИ, ки ба наздикӣ интишор гардидааст, баррасӣ шуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти "HELVETAS Swiss Intercooperation" ва Агроаксияи Олмон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ ташкил карда шуд.
Ҳадафҳои асосии мизи мудаввар асосан дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва истифодаи натиҷаҳои Ҳисоботи 6-уми Арзёбии ГКБ ТИ бо мақсади татбиқи тадқиқоти илмӣ дар ташаккули сиёсат дар соҳаи иқлим ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, баррасии таҷрибаи Швейтсария дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муҳокимаи натиҷаҳо ва тавсияҳои гузориши ГКБ ТИ барои минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба муҳокимаи байнисоҳавӣ оид ба нақшаҳои миллӣ ва афзалиятҳо оид ба ҳалли таъсири тағйирёбии иқлим: мутобиқшавӣ, устуворӣ ва коҳиш додани таъсири он равона гардид
Байни баромадкунандагон суханронии сардори Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Саидов дар намуди рӯйнамо (презентатсия) сурат гирифт.
Мизи мудаввар аслан барои муттаҳид намудани намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, агентиҳои миллӣ, донорҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ ва истифодаи натиҷаҳои гузориши ГКБ ТИ бо мақсади самараноктар татбиқ намудани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба муҳокимаҳои байнисоҳавӣ оид ба натиҷаҳои минтақавӣ ва тавсияҳои гузориши ГКБ ТИ ва амалҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Сайёра мусоидат хоҳад намуд.
24.04.2023