Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, воҳидҳои сохтории Агентӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Шерализода Н.Ш. бо сухани табрикотӣ коллективи меҳнатии Агентӣ ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуданд. Шерализода Н.Ш. дар баромадашон чунин ибрози ақида намуданд:-“ Санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.  Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш намоем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад”.

Дар рафти маҷлис байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо дар самти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид. 


24.04.2023