Дар доираи Конфронси 27- уми тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм ул Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. бо директори минтақавии давлатҳои Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ ва Аврупоии Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ хонум Дина Салеҳ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баҳодур Шерализода ба хонум Дина Салеҳ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳияи лоиҳаҳо доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки аз ҷониби Фонди мазкур ва Кумита дар давоми солҳои 2021 - 2022 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди иқлимии сабз ва Фонди глобалии экологӣ дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини таҷхизотҳои зарурӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии обуҳавошиносӣ таҳия ва тасдиқ гардид.
Хонум Дина Салеҳ доир ба раванди ҳамкориҳои Фонди мазкур бо Кумита низ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади таҳия намудани дизайни лоиҳаи нави иловагӣ дар самти барқарорсозии ландшафт, ҳифзи гуногунии биологӣ аз 21 то 26 ноябри соли ҷорӣ коршиноси байналхалқӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда мешавад. Инчунин Дина Салеҳ доир ба ташаббуси Фонд оид ба таҳияи лоиҳаи нави минтақавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қайд карданд ва ин ташаббус аз ҷониби Раиси Кумита дастгирӣ ёфт.
Раиси Кумита оид ба аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидани Саҳми дар сатҳи миллӣ муайянгардида оид ба коҳиш додани партови газҳои гулхонагӣ қайд карда, Фонди байналмилалии рушди кишоварзиро барои дастгирии татбиқи ҳуҷҷати мазкур даъват намуданд.
Дар охири вохӯрӣ Раиси Кумита Баҳодур Шерализода Дина Салеҳро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти ба онҳо муносиб даъват намудан ва ин даъват аз ҷониби Дина Салеҳ қабул гардид.
24.04.2023