Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – “ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ”

Санаи 19 ноябри соли 2022 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мувофиқи нақша-чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” ва дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-ул-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим” дар факултети геология Донишгҳи миллии Тоҷикистон барои устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои амалкунандаи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиро декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. оғоз бахшид ва меҳмононро барои ташриф оварданашон хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки оид ба мавзӯи пешниҳодгардида аз солҳои 60-уми асри гузашта баъд аз таҳлили корҳои амалигардида, дар як қатор ҳавзаи дарёҳо (Зарафшон, Варзоб, Обихингоб, Қаратоғ, Сурхоб, Ванҷ, Муқсу, Помири шарқӣ ва ғ.) аз тарафи олимони соҳа вобаста ба ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои морфологӣ 30 пирях ҳамчун пиряхҳои назоратӣ интихоб гардидаанд, ки аз рӯи онҳо ҳолати кулли пиряхҳои кишвар баҳо дода мешавад.

Баъдан муовини сардори маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Камолиддин Зайнидин баромад намуда, иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои осебпазиртарин ба ҳисоб меравад. Мутахассисони Маркази яхшиносии Агентӣ бо мақсади омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон ҳамасола дар пиряхҳои назоратии кишвар корҳои экспедитсионӣ – тадқиқотиро амалӣ менамоянд. Ҳамчунин дар пиряхҳо корҳои ченкунии сарфи оби аз пирях ҷоришаванда, гирифтани намуна барои таҳлили кимиёвӣ ва мушоҳидаи вазъи равандҳои метеорологӣ дар минтақаи мушоҳидавӣ ба роҳ монда мешавад.

Сипас Сардори шуъбаи пешгӯйии обшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддинов Сафархон Саломович доир ба шароити гидрологии дарёҳои Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт, ки шабакаи гидрологӣ барои гирифтани маълумот дар бораи обҳои рӯизаминӣ ва захираҳои обии онҳо бо мақсади омӯхтани реҷаи гидрологӣ, пешбурди кадастри давлатии об, инчунин ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани маълумоти ибтидоии гидрологӣ, маълумоти воқеӣ ва пешгӯии гидрологӣ амал менамояд. Аз 34 дидбонгоҳои обченкуние, ки хамарӯза маълумот ирсол шуда, барои тартиб додани пешгӯии гидрологӣ заруранд. Шуъбаи гидрология пешгӯии сарфи обро барои 1-3 рӯз, даҳрӯза, моҳона ва пешгӯии сарфи обро барои мавсими кишт (венитатсия) омода менамояд. Таъмини аҳолӣ ва мақомот тавассути почтаҳои электронӣ, хаткашонӣ ва воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад. Инчунин гуфта шуд, ки аз моҳи январи соли 2020 дар шуъбаи пешгӯии обшиносии Агентии обуҳавошиносӣ модели “MODSNOW” барои назорати фосилавии майдони барф истифода бурда мешавад. Бартарии пешгӯии гидрологӣ бо истифода аз модели “MODSNOW” дар он аст, ки методология ба маълумоти “MODIS” дар бораи майдони барфпӯш бо роҳи ташхиси фосилавӣ ба даст овардашуда асос ёфтааст. Дар асоси маълумоти бадастомада моделҳои хаттии оморӣ барои пешгӯии сатҳи оби дарёҳои асосии Тоҷикистон, барои истифодаи эҳтимолӣ дар тартиб додани пешгӯиҳои гидрологӣ барои мавсими кишт таҳия карда мешаванд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур оид ба партовҳои газҳои гулхонагӣ ва дигар омилҳои табиии гармшавии сайёра бо далелҳои исботшуда муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур устодони кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, профессор Саидов М.С., дотсентон Давлатов Ф.С., Ғайратов М.Т., муаллимони калон Ғуломов М.Н., Сайфуллоева Қ.Ғ., Расулов Н.М. докторанти кафедра Раҳимзода А.С. ва муовини декан оид ба илм Ниёзов О.Ҳ. иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, дотсент Ғайратов М.Т. баромад намуда, мавзӯи баррасигардидаро вобаста ба тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, нарасидани оби ошомиданӣ дар минтақа, кам гардидани захираҳои обии пиряхҳо, ифлос гардидани сарчашмаҳои обӣ ва шароити гидрологии дарёҳои Тоҷикистонро аз пайёмадҳои тағйирёбии иқлим саривақтӣ арзёбӣ намуд.


24.04.2023