Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Сиёсати фарогирандаи гендерӣ

Таърихи 22 декабри соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи баррасии лоиҳаи «Сиёсати фарогирандаи гендерии Агентии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид, ки дар рафти он тамоми воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

 Чорабинӣ мазкур дар доираи фаъолияти лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ (маблағгузории иловагӣ) ташкил ва роҳандозӣ гардид. Дар доираи татбиқи лоиҳа мутахассиси рушди иҷтимоӣ Лола Ядгарова лоиҳаи мазкурро, ки баробарии гендерии кормандони Агентиро инъикос менамояд, муҳокимаи намуда, инчунин дар самти вазъи иҷтимоии кормандон баромад намуд. Ҳамчунин номбурда оид ба «Кодекси рафтор» барои кормандон ва пудратчиёни Агентии обуҳавошиносӣ маълумот дод.   

 Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ҳамчун санади сиёсати гендерии кадрӣ ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии кормандони Агентӣ тасдиқ карда шуда, барои 3 сол пешбинӣ шудааст.


24.04.2023