Санаи 8 феврали соли ҷорӣ роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳавӣ бо раҳбарон ва намояндагони дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ “SDC” дар Тоҷикистон – Ричард Шеневард, мушовири масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода – Шодибой Ҷаборов, роҳбари Барномаи Ташкилоти “Каритас дар Швейтсария” - Борис Орловский, роҳбари дафтари минтақавӣ – Шинан Кассам, мудири дафтари минтақавӣ- Сафаралӣ Ятимов, роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳо дар бахши обу ҳаво ва иқлим” – Ҳафиз Қаландаров ва намояндаи Хадамоти обуҳавошиносии Швейтсария – Омар Белпарт вохӯрии дуҷониба баргузор намуданд. Дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои обу ҳаво, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо матраҳ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатӣ байни роҳбарони Агентии обуҳавошиносӣ ва Хадамоти обуҳавошиносии Швейтсария ба тавофуқ расиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин дидор Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти “Каритас Швейтсария” дар самти хизматрасониҳои обу ҳаво ва иқлим ба имзо расид.
24.04.2023