Санаи 7 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “8 март- Иди модарон” маҷлиси тантанавӣ барпо гардид, ки дар рафти он тамоми воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. баромад намуда, тамоми бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми Модарони кишварро бо идашон табрику таҳният намуд. Аз ҷумла Қурбонзода А.Ҳ. дар баромадашон чунин иброз намуданд: - “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассумгари хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад. Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад ва нақши занон дар соҳаи обуҳавошиносӣ низ хеле назаррас мебошад”.
Дар охири маҷлис тамоми бонувони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
24.04.2023