Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мониторинги инструменталии пиряхҳои Тоҷикистон: ташаккулёбӣ ва дурнамо» бахшида ба “Эълон гардидани 21 – уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Таърихи 15 марти соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ оид ба эълон гардидани «21 март - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мониторинги инструменталии пиряхҳои Тоҷикистон: ташаккулёбӣ ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони як қатор вазоратҳо, идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.

        Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Байдуллоева Ҷ.А. – Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қатъномаи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», “21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, дар назди СММ таъсис додани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо” ва дар соли 2025 доир намудани “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе” сухан ронда, иқдоми Пешвои муаззами миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ саривақтӣ ва дурбинона арзёбӣ намуданд.

        Дар рафти ҳамоиши илмӣ-амалӣ роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин дигар иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Ташаббусҳои Пешвои Муаззами Миллат оид ба масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ”, “Тағирёбии ҷараёнҳои атмосферӣ ва таъсири онҳо ба пиряхҳо”, “Мониторинги инструменталии пиряхҳои Тоҷикистон”, “Коркарди маълумотҳои обуҳавошиносӣ барои омода намудани пешгӯии обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ”, “Тағйирёбии иқлим дар минтақаи баландкӯҳи пиряхи Федченко” ва ғайраҳо баромад намуданд. Дар баробари ин, дар рафти чорабинии мазкур мавзӯъҳои ҳолати кунунии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири онҳо ба ташаккулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ ва ҳолати кунунии пиряхҳои кишвар зери таъсири раванди тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

        Бояд қайд намуд, ки баргузории чорабиниҳои мазкур бо дарназардошти масъалаи мубрами рӯз-“Тағйирёбии иқлими Сайёра” боиси дастгирӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои гуногуни обуҳавошиносӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим заминаи илмиро фароҳам меорад.


24.04.2023