Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар иқдоми ҷаҳонишавии ҳифзи пиряхҳо”

Санаи 29 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март -Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар иқдоми ҷаҳонишавии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

        Мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ ва устодони Донишгоҳ дар баромадҳои худ иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти муҳим, ки бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд саривақтиву муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки санаи 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, собитқадамона қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

·       Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

·       Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

·       Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

·       Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Дар ҳамоиши мазкур аз тарафи мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонони лаёқатманд барои пешбурди фаъолият дар самти яхшиносӣ, иқлимшиносӣ ва обшиносӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон аз донишҷӯёни курсҳои болоӣ даъват гардид, ки баъди хатми донишгоҳ барои кор дар воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ имконияти давом додани фаъолияти пурсамарро доранд. 

24.04.2023