Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023

Санаи 7 апрели соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Шукуров Исфандиёр сардори Раёсати мониторинги сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ., Қурбонов Валиҷон мудири Бахши обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ иштирок доштанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.

Сипас муовини директори Агентӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2023 пешниҳоди ҳозирин намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.

Дар баромади худ муҳтарам Шукуров Исфандиёр - сардори Раёсати мониторинги сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ қайд намуданд, ки Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти обуҳавошиносӣ барои дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қатъномаи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуданд, аз ҷумла «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо масъул аст.

Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.

01.05.2023