Санаи 11 майи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) семинари машваратӣ зери унвони «Муаррифии маҳсулотҳои обуҳавошиносӣ дар самти сайёҳӣ ва кишоварзӣ» баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассостсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории семинари машваратӣ ба соҳаҳои сайёҳӣ ва кишоварзии кишвар муаррифӣ намудани маҳсулоти Агентии обуҳавошиносӣ арзёбӣ гардида, рушди хизматрасониҳои маркетингии Агентиро дар солҳои охир таҷассум намуд.
Дар рафти семинар муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Байдуллоева Ҷ.А. баромад намуда, меҳмононро бо рӯзномаи семинар шинос намуда, ба ҳозирин оиди муфид будани маълумоти обуҳавошиносӣ махсусан барои сайёҳон ва кишоварзони ҷумҳурӣ барои банақшагирии намудҳои гуногуни чорабиниҳо маълумот доданд. Байдуллоева Ҷ.А. дар ин самти муҳим оид ба тасдиқи Стратегияи рушди маркетинги хизматрасонии иттилоотии обуҳавошиносӣ то соли 2030 ва фаъолияти Гурӯҳи рушди маркетинги Агентӣ ибрози ақида намуданд.
Сардори Маркази маркетинг ва рушди Агентии обуҳавошиносӣ Амирбекова У. баромад намуда, дар самти хизматрасониҳои маркетингии Агентии обуҳавошиносӣ ва алоқаи он ба соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуд.
Дар охири семинар байни иштирокчиён оид ба нақши хизматрасониҳои маркетингии Агентии обуҳавошиносӣ ва муфид будани он барои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар музокираҳо ба анҷом расид.
12.05.2023