Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Системаи пешгӯикунандаи сифати ҳаво “SILAM”

Рӯзҳои 18-19 майи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Институти метеорологии Финландия семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Системаи пешгӯикунандаи сифати ҳаво - SILAM” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

        Коршиноси Институти метеорологии Финландия Катя Ловен дар рафти семинари омӯзишӣ тавассути рӯйнамо оиди кори “Системаи пешгӯикунандаи сифати ҳаво - SILAM” иттилоъ дода, фаъол будани онро дар як қатор давлатҳои тараққикардаи дунё баҳогузорӣ намуд. Мутахассисони соҳавӣ дар ин самт оиди кори системаи мазкур, пешниҳод ва коркарди маълумотҳои ҳаррӯза, таҳияи харитаҳои сифати ҳаво, таҳияи пешгӯии сифати ҳаво, пешниҳоди огоҳиҳо оиди вазъи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва дигар паҳлӯҳои системаи пешгӯикунандаи мазкур маълумот дастрас намуданд.

        Бояд қайд намуд, ки системаи пешгӯикунандаи мазкур дар асоси маълумотҳои стансияҳои худкори сифати ҳаво фаъол гардида, дар асоси маълумотҳои коркардшуда харитаҳои сифати ҳаворо дар минтақаҳои гуногун таҳия менамояд. 

22.05.2023