Санаи 4 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода З. инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа бурдбориро таманно намуд.
Сипас Муовини Директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ.А. маърӯза намуда ҳисоботи Агентии обуҳавошиносиро дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ пешниҳоди ҳозирин намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки Агентӣ фаъолияти худро тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста кӯшиш намуда, пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, ҳифзу беҳдошти муҳити зистро ҳамоҳанг сохта, фаъолият намуда истодааст.
Дар рафти ҷаласа тамоми бурдбориҳо муаррифӣ гардида, қарори ҷаласа қабул шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа тамоми сохторҳо вазифадор гардиданд.
04.07.2023