Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОР)

Таърихи 5 сентябри соли 2023 вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОР) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам сурат гирифт.

Дар рафти вохӯри ҳарду тараф қаноатмандии хешро ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳуми байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БОР) дар бораи Лоиҳаи "Ба вуҷуд овардани устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқавории ноамн ба паёмадҳои иқлимӣ аз тариқи тақвияти тавонмандӣ ва гуногунсозии воситаҳои рузгузаронӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон" ироа намуданд.

Дар ин дидор ҳамзамон ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БОР) азм гирифтанд, ки саҳми худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо дар ҳошияи Конфронси қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар Павилиони Тоҷикистон, ки  дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифта шудааст, гузоранд.

06.09.2023