Санаи 7 сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати “32 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият, воҳидҳои сохтории Агентӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А. Ҳ. бо сухани табрикотӣ коллективи меҳнатии Агентӣ ва кулли мардуми сарбаланди ҷумҳуриро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуданд. Мавсуф дар суханронии худ чунин қайд намуданд:- “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуд”.
Муовинони директори Агентии обуҳавошиносӣ Шерализода Н.Ш. ва Байдуллоева Ҷ.А. дар баромадҳояшон оид ба сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, рамзҳои давлати соҳибистиқлол, рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардуми шарафманди тоҷик ҳарф заданд.
Сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ Қудратов Х.С. ва сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Искандарова В. оид ба мавзӯъҳои “Дастовардҳои соҳаи обуҳавошиносӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ҷавонон” баромад намуданд.
Дар охири чорабинии тантанавӣ як қатор фаъолону собиқадорони соҳа бо ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
08.09.2023