Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиноси ИДМ (ШБО ИДМ) санаи 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ, ки барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст. Дар кори Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиноси ИДМ 10 давлати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия иштирок мекунанд, инчунин ҳамчун ҳайатҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ба сифати нозирон дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шӯро иштирок мекунанд.
Санаи 27 сентябри соли 2023 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШБО ИДМ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нӯҳ Хадамотҳои миллии обуҳавошиносии кишварҳои аъзо иштирок доштанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва мутахассисони соҳа дар "Гурӯҳҳои корӣ" тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қарорҳои нақшаи панҷсолаи фаъолият дастаҷамъона муҳокима гардиданд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло Раиси Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ барои давраи навбатӣ таъин карда шуд. Дар суханронии ниҳоӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло барои эътимоди Шӯро миннатдорӣ намуда, таклиф пешниҳод намуданд, ки ҷаласаи навбатии 35-уми ШБО ИДМ соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор карда шавад ва таклиф қабул гардид.
29.09.2023