Рӯзҳои 19, 20 ва 28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни 3 семинари баргузоршуда зиёда аз шаст намояндагони миллӣ ва зермиллӣ (аз ҷумла 36 зан) аз вазоратҳо, идораҳо ва бахши хусусӣ таҷрибаи пешқадам ва масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот ва иттилоотро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима намуданд.
Зимни суханронӣ дар семинарҳои якум ва дуюм муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Байдуллоева Ҷ. А. чунин қайд намуданд:- "Мутобиқшавии муассир ба тағйирёбии иқлим ҳамкории зич байни ҷонибҳои гуногуни манфиатдорро талаб менамояд. Аллакай баъзе донишҳо ва таҷрибаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои мубодила мавҷуданд, ки метавонанд ба ҳама ҷонибҳои манфиатдор барои муттаҳид шудан ва аз ҳамдигар омӯхтан кӯмак расонанд. Ман боварӣ дорам, ки платформаҳои наве, ки аз ҷониби вазорату идораҳои гуногун сохта шудаанд, бояд ҳамоҳангиро бо ҳамаи шарикони дахлдор таъмин кунанд ва дастрасии маълумотро ба ҷомеа ва ҷонибҳои манфиатдор таъмин менамоянд."
Дар семинарҳо, ки ҳадафи асосии онҳо муҳокимаи механизми мубодилаи иттилоот оид ба мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим байни шарикон буд, иштирокчиён баъзе тавсияҳоро оид ба эҷоди равиши систематикӣ, ки беҳтарин маълумот, амсилаҳо ва абзорҳои мавҷударо барои банақшагирии самараноки иқлим муттаҳид мекунад, мувофиқа карданд. Доштани маълумоти воқеӣ барои сиёсатмадорон дар таҳияи нақшаҳои миллӣ ва сиёсат, ки ба ҷумҳурӣ барои беҳтар мутобиқ шудан ба талаботҳои ояндаи иқлим, бахусус дар чаҳор самти афзалиятноки кишоварзӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва нақлиёт кӯмак мекунанд, муҳим арзёбӣ мегардад.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъмини раванди самараноки нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Тоҷикистон” (НММ), ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз (ФИС) таҳти роҳбарии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби БРСММ амалӣ карда мешавад, гузаронида шуд. Лоиҳаи НММ ба эҷоди механизмҳо ва иқтидорҳои институтсионалӣ барои таҳия ва татбиқи нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ дар 4 самти афзалиятнок (нақлиёт, кишоварзӣ, захираҳои обӣ ва энергетика) барои пешбурди муносибати ҳамаҷониба ба банақшагирӣ ва татбиқи мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
04.10.2023