Дар доираи пазируфтани ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» ва “21 март -Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” рӯзҳои 13-14 ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират, Институти метеорологии Финландия ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим ҳолат, омӯзиш, ташаббусҳои ҷаҳонӣ”-ро баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, ба кори конфронс бурдбориро таманно намуд. Мавсуф дар рафти суханрониашон чунин қайд намуданд: - “Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешқадам эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи иқлим ва об пеш мебарад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабули қатънома дар бораи "Эълони соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва "21 март- ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" мебошанд.
Дар рафти конфронс дар доираи баромади коршиносони миллӣ ва шарикони рушд оид ба мавзӯъҳои “Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим”, “Таҳким ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои захираҳои об ва муҳити зист”, “Омӯзиши пиряхҳои Осиёи Марказӣ”, “Омӯзиши пиряхҳои Қазоқистон”, “Мониторинги омӯзиши пиряхҳои Ӯзбекистон” “90-солагии Стансияи обуҳавосанҷии ба номи академик Горбунова ва нақши ӯ дар омӯзиши равандҳои обуҳавошиносии Осиёи Марказӣ”, “Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон” ва ғайраҳо баромадҳо шунида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии конфронси мазкур беҳтар намудани муколамаи минтақавӣ ва огоҳӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва ҳолати пиряхҳо дар қитъаи Авруосиё, фаҳмиши амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера ҳамчун яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкорӣ ва интиқоли таҷриба байни минтақаҳои Аврупо ва Осиё дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.
15.11.2023