Санаи 16 ноябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” ва “31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мўсоева Р.Ғ., Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва замин, ҳамчунин раиси ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Р.Б, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З.А., Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи словянии Россия ва Тоҷикистон муҳтарам Услмасов Р.У. роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Нахуст Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. баромад намуда, аҳли нишаст ва тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ду санаи таърихӣ табрику таҳният намуданд. Мавсуф дар баромади худ чунин баён доштанд: - “Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизамон боз ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ, яке «Рӯзи Президент», дигаре “31 –умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешаванд. 31 сол муқаддам, яъне санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Ҳуҷанд баргузор гардид, ки имрӯзҳо ва минбаъд дар таърих бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» ёд шуда истодааст ва мешавад.
Сипас дар баромади ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мўсоева Р.Ғ., Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва замин, ҳамчунин раиси ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Р.Б, муовини директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ.А., оид ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, азму иродаи хастанопазири фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои пурмуҳтаво ироа гардид. Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикстон саҳифаи заррини таърихи тоҷикон буда, нақши Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини тоҷикон бузургарзиш мебошад.
17.11.2023