Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ба истиқболи “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҳамкасбони азиз!

 

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.

Парчами давлатӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни кӯҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт.

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад - нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ-арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

 

Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамкасбон ва кулли ҳамватанонро ба ин санаи фараҳбахш, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки муаррифгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфта, осмони соф, сулҳу субот, амнияту оромӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизро орзумандам.

Бигузор Парчами давлатӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамкасбони азиз!

24.11.2023