Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мулоқоти даҳуми намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони Парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим

Рӯзҳои 3-4 декабри соли 2023 дар Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КС-28), дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб вохӯрии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони Парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, аъзоёни ҳайатҳои миллӣ, коршиносони минтақавӣ ва миллӣ баргузор гардид, ки дар рафти он Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А.Ҳ. ва мутахассисони соҳавии Агентӣ иштирок намуданд.

Дар ин дидор масъалаҳои рушди такмили қонунгузорӣ, чаҳорчӯбаи институтсионалӣ ва татбиқи сиёсати иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт дар иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда, дастовардҳои асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи бетарафии карбон ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муаррифии изҳороти минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, маблағгузориҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо матраҳ гардиданд.

05.12.2023