Санаи 11 декабри соли 2023 дар доираи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ чорабинии канориро дар мавзӯи «Харитаи роҳ - 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба криосфера”-ро бо иштироки намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии рушди ҳамгирошудаи кӯҳҳо (ICIMOD), Институти байналмилалии иқлим ва криосфера (ICCI), Институти Блокчейн ва иқлими Британияи Кабир (BCI) ва Тағйирёбии иқлим ва устуворӣ, БРСММ дар Непал ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд баргузор намуд.
Чорабинии мазкурро ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва иқлим ибрози ақида намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур масъалаҳои “Харитаи роҳ барои соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо иштроки шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузориҳо ба самти ҳифзи пиряхҳо ва роҳҳои иштироки донорҳо ва коршиносон баррасӣ гардиданд.
13.12.2023