Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳамкориҳои судманд бо Институти метеорологии Финландия

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи “FINTAJ” (зинаи 3-юм) ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, дар ин замина аз 5 то 13 марти соли ҷорӣ мутахассисон дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе таҷҳизоти муосирро бо мақсади беҳтар намудани мушоҳидаи сифати ҳаво насб намуданд.

Иҷрои чорабинии мазкур имконият фароҳам меоварад, ки минбаъд тамоми дасгоҳи ташхиси сифати ҳаво барои шаҳри Душанбе дар ҳамин нуқта ба меъёр дароварда шавад.

Боиси қайд аст, ки масъалаи мониторинги сифати ҳаво дар меҳвари тавваҷуҳи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ қарор дорад ва дар ин замина корҳои беҳтаркунии вазъи техникии нуқтаҳои мушоҳидавӣ пайваста амалӣ мегарданд.

15.03.2024