Ҳоло дар кӯчаҳо анбӯҳи тормеғ (туман) фаромада, дурии биниш дар қисматҳои гуногуни шаҳри Душанбе аз 5 то 20 метрро ташкил медиҳад.
Анбӯҳи тормеғ (туман) чӣ гуна рух медиҳад ва барои ташаккули он чӣ сабабҳо мавҷуданд? Ғайр аз анбӯҳҳои тормеғ (туман), дар қисматҳои гуногуни шаҳр тормеғ бо қирав (кристаллҳои яхкардаи намнокӣ дар ашёҳо) мушоҳида мешавад, ки ин метавонад дар шароити муайяни обу ҳаво пайдо шавад.
Якчанд сабабҳои имконпазири пайдоиши чунин зуҳуротро пешниҳод менамоем:
Намнокии баланди ҳаво. Вақте ки ҳаво миқдори зиёди буғи обро дар бар мегирад, дар доираи ҳодиссаи конденсатсия он метавонад дар шакли тормеғ (туман) ё қирав ҳангоми паст шудани ҳарорат ба вуқӯъ пайвандад.
Инверсияи ҳароратӣ. Ин ҳолатест, ки дар он қабати ҳавои гарм дар зери қабати ҳавои хунук қарор мегирад. Дар чунин шароит ҷараёни болоравии ҳаво бо намнокӣ наметавонад қабати хунукро убур кунад ва ба боло барояд, ки боиси пайдоиши тормеғ (туман) мегардад.
Норасоии шамол. Шамол метавонад тормеғ (туман)-ро суръат бахшад ва онро бардорад. Дар сурати набудани шамол тормеғ (туман) метавонад ҷамъ шавад ва зичтар шавад.
Шароити обу ҳаво. Анбӯҳи тормеғ (туман) бо қирав метавонад дар ҳавои сард, вақте ки ҳарорати ҳаво аз 0°С паст мешавад (ҳоло дар шаҳр -1° С) ба амал ояд.
Бояд қайд намуд, ки тормеғ (туман) ва қирав барои ҳаракати нақлиёт хатарнок арзёбӣ мегардад. Ин зуҳурот барои одамон, бахусус онҳое, ки аз бемориҳои роҳи нафас азият мекашанд, нороҳатӣ эҷод мекунанд.
Расмҳо аз манбаъҳои озод:
24.12.2024