Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (ESCAP) хонум Армида Салсиах Алисҷаҳбана

Дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, санаи 26 майи соли ҷорӣ вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (ESCAP) хонум Армида Салсиах Алисҷаҳбана баргузор гардид.

Зимни мулоқот директори Агентӣ хонум Армида Салсиах Алисҷаҳбанаро бо самтҳои асосии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим, рушди низоми огоҳии бармаҳал ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, фаъолияти Маркази яхшиносӣ ва Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ махсусан таъкид гардида, нақши онҳо дар омӯзиши равандҳои иқлимӣ, мониторинги вазъи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ муҳим арзёбӣ шуд.



26.05.2026