Санаи 25 майи соли равон дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Директори шӯъбаи илмҳои об, котиби Барномаи Гидрологии Байниҳукуматии ЮНЕСКО- Абу Амонӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои амалисозии нақшаҳои Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025–2034), рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти мониторинги пиряхҳо ва криосфера, тақвияти таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи маълумот, рушди системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва пешгӯии хавфҳои иқлимӣ, ҳамзамон омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ-техникии Агентии обуҳавошиносӣ матраҳ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба пиряхшиносӣ дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иқдоми муҳим арзёбӣ гардид. Қайд карда шуд, ки марказ барои таҳкими ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мониторинги пиряхҳо ва омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.



28.05.2026