Аз 22 май то 2 июни соли 2023 дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария 19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ баргузор гардида истодааст. Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мақоми олии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ буда, 193 кишвари аъзо аз 6 қаламрави минтақавии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар он иштирок доранд.
Дар кори конгресси мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок доранд.
19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ бо мақсади таҳияи нақшаи стратегӣ барои солҳои 2024-2027 ҷиҳати пеш бурдани дурнамои Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ то соли 2030 ҷиҳати устувории ҳама кишварҳо, махсусан осебпазиртарин кишварҳо ба таъсири иҷтимоию иқтисодии зуҳуроти шадиди обу ҳаво, иқлим, об ва дигар ҳодисаҳои экологӣ нигаронида шудааст.
Конгресс инчунин буҷаи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносиро баррасӣ намуда, ҳадди аксар хароҷотро барои солҳои 2024-2027 тасдиқ мекунад. Он инчунин масъалаҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, назоратӣ, молиявӣ ва маъмуриро баррасӣ намуда, ворид намудани тағйирот ба дастурамалҳои умумӣ, техникӣ, молиявӣ ва шуғли аҳолиро баррасӣ мекунад.
30.05.2023