Таърихи 30 январи соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ҷаласа оид ба шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми сохторҳои Агентӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Шерализода Н.Ш. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба терроризм ва экстремизм, ки онро вабои аср меноманд, маълумот доданд. Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд намудаанд:- “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён оиди шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои мамнуъи террористӣ-экстремистӣ ва даст задани онҳо ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва падидаву зуҳуротҳои харобиовар, ки аксаран қисме аз нақшаи гуруҳҳои манфиатхоҳу манфиатталаб мебошад, баромадҳо шунида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар чунин вазъи мураккабу ташвишовари ҷаҳон таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм моро водор месозад, ки матонат, донишу заковат ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории сулҳ ва ваҳдати кишварамон талош варзем.
31.01.2024