Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо бонувони Агентии обуҳавошиносӣ

Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили идҳои миллӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми бонувони Агентӣ иштирок намуданд.

 Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Агентӣ ба бонувон барои саҳмгузориашон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки мибаъд низ ҳамчун як бонуи равшанфикр ва ватандӯсти ҷомеа барои рушду нумӯи соҳа саҳмгузор бошанд.

Муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. қайд намуданд, ки шумораи занон дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ 242 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 24 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, ки ба 11%-и шумораи умумии занҳо баробар аст ва ин ҳам бошад аз таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба занон мебошад.

Бонувони фаъоли Агентии обуҳавошиносӣ имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳо аз ҷумла самти кадрӣ, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ, агрометеорологӣ, гидрологӣ, мониторинги сифати обу ҳаво ва ғайра бо матонат ва садоқати беандоза фаъолияти шоиста намуда истодаанд. Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи занони роҳбар дар ҳама самтҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила меафзояд.

 Дар охири ҷаласа муовини Директор Байдуллоева Ҷ.А. иброз доштанд, ки бо мақсаду иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат аз бонувони Агентии обуҳавошиносӣ низ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ба таври зарурӣ тарғибу ташвиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обуҳавошиносӣ, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмиллалии “Наврӯз”,  эҳёи расму оини гузаштагон аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ саҳми арзанда гузоранд. 

01.02.2024