Газҳое, ки аз корхонаҳои саноатӣ ба ҳаво партофта мешаванд, бо оксиди карбони дувалента, оксиди нитроген ва карбогидратҳо тақсим мешаванд.
Партовҳое, ки аз нақлиёт хориҷ мегарданд, дар таркибашон газҳои ба саломатии инсон зараровар вуҷуд дошта, ба муҳити атроф паҳн мешаванд.
Сабаби гузаронидани мушоҳидаҳои сифати ҳавои атмосферӣ - ин пешгирӣ намудани саломатии аҳолӣ аз бемориҳои гуногун, сатҳи осебпазирии аҳолӣ ва муҳит аз олудагии ҳаво арзёбӣ мегардад.
Бо вазъи бемайлони ифлосшавии фазо дар сайёраи Замин ва ҳолатҳои аз меъёри муқаррарӣ баланд будани нишондодҳои ифлоскунандаи ҳаво ҷомеаи ҷаҳониро лозим омад, ки барои муайян намудани сатҳи ғализӣ мониторинги онро ба роҳ монанд. Бо раванди тараққиёти технологияҳои ҷаҳонӣ самти беҳтар гардонидани санҷиши фазои атмосферӣ аз консентратсияҳои ғализкунанда чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегарданд.
Соли 2014 бо дастгирии Роҳбарияти Агенти обуҳавошиносӣ ва Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, “Ҷузъи С” санҷишгоҳи сайёри мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ харидорӣ гардид. Оғоз аз соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ёвону Бохтар ва вилояти Суғд мунтазам мониторинги хатсайрӣ бо воситаи санҷишгоҳи сайёри мониторинги ифлосшавии хавои атмосферӣ гузаронида мешавад.
Мониторинги ҳолати муҳити зист ва сатҳи ифлосшавии он вобаста ба шароитҳои метеорологӣ бурда мешавад. Фаъолияти санҷишгоҳи сайёр гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ, муайян намудани консентратсияи моддаҳои ифлоскунандаи таркиби фазо мебошад.
Санҷишгоҳи сайёр 14 намунаи мушоҳидаҳои кимёвӣ, 5 намунаи мушоҳидахои метеорологӣ ва 2 намунаи физикиро муайян менамояд. Мутахассисон бо воситаи санҷишгоҳи сайёр дар минтақаҳои аҳолинишин, тамбашавии воситаҳои нақлиётӣ, назди корхонаҳои саноатӣ, бозорҷойҳо ва назди корхонаҳои барқу гармидиҳӣ ифлосшавии ҳавои атмосфериро мушоҳида намуда, имконият доранд дар дилхоҳ нуқтаҳои сифати ҳаво мушоҳидаҳоро ба роҳ монанд.
Маълумоти мушоҳидавӣ барои коркарди минбаъда ва дастрас гардонидан ба истифодабарандагон ба Шуъбаи итилооти муҳити зисти Раёсати мониторинги муҳити зист равона гардида, ба сохторҳои далдор ирсол мешаванд.
Дар баробари тараққиёти босуръати соҳаи саноат ва афзоиши воситаҳои нақлиётӣ дар фазои шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ консентратияҳо ё худ нишондоди моддаҳои ифлоскунанда рӯ ба афзоиш мениҳанд.
Аз рӯи нақшаи кории Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мутахассисони Санҷишгоҳи ҳавои атмосферӣ ва Шуъбаи итилоотӣ дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ мушоҳидаҳои хатсайриро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анҷом доданд.
Баъди коркарди минбаъда ва ҳисоббарорӣ маълум гашт, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Айнӣ, Истравшан, Гулистон, Бустон ҳолати ҳаво дар ҳудуди меъёри муқаррарӣ қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо нишондоди зарачаҳои андозаашон то 10 микрон – (РМ10) (зарачаҳои таркиби ҳаво, ки андозаашон ё меъёри онҳо то 10 микрон мебошад), дуоксиди нитроген аз ҳисоби партовҳои наклиётӣ ва саноатӣ баланд гардидааст.
29.10.2024