Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Табрикоти  Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба 29 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ. Ҳамдиёрони азиз! Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорам.

03.11.2023

Бештар
Муаррифии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026”
Муаррифии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026”

Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии обуҳавошносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират семинар дар мавзӯи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026" бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони шарикони рушд баргузор гардид.

31.10.2023

Бештар
Вусъати корҳои ободонӣ-заминаи рушди соҳа
Вусъати корҳои ободонӣ-заминаи рушди соҳа

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои ватандӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар стансияи агрометеорологии Ҳисор ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

31.10.2023

Бештар
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи забони давлатӣ"
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи забони давлатӣ"

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок доштанд.

05.10.2023

Бештар
Семинари муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон
Семинари муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон

Санаи 4 октябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, мутахассисони соҳавӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Финляндия- Илкка Райсанен, - Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса-хонум Элза Пинол, Директори департаменти хадамоти экспертии Институти метеорологии Финляндия -Гарри Пиетарила ва намояндагони як қатор ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

05.10.2023

Бештар
Мубодилаи маълумот барои банақшагирии самараноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҷараёни як қатор семинарҳои махсус дар ш Душанбе баррасӣ шуд
Мубодилаи маълумот барои банақшагирии самараноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҷараёни як қатор семинарҳои махсус дар ш Душанбе баррасӣ шуд

Рӯзҳои 19, 20 ва 28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни 3 семинари баргузоршуда зиёда аз шаст намояндагони миллӣ ва зермиллӣ (аз ҷумла 36 зан) аз вазоратҳо, идораҳо ва бахши хусусӣ таҷрибаи пешқадам ва масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот ва иттилоотро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима намуданд.

04.10.2023

Бештар
Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А.Ҳ.  ба истиқболи “Рӯзи забони давлатӣ”
Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А.Ҳ. ба истиқболи “Рӯзи забони давлатӣ”

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар буда, инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

04.10.2023

Бештар
Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3 октябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2023 баргузор гардид, ки дар рафти он сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукуров И., инчунин роҳбарият, сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

03.10.2023

Бештар
Баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Баргузории ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиноси ИДМ (ШБО ИДМ) санаи 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ, ки барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст. Дар кори Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиноси ИДМ 10 давлати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия иштирок мекунанд, инчунин ҳамчун ҳайатҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ба сифати нозирон дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шӯро иштирок мекунанд.

29.09.2023

Бештар
Татбиқи ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
Татбиқи ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои кишвар корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалиро амалӣ менамояд.

29.09.2023

Бештар