Ахбор

Дар идомаи ҷонибдориҳо вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Ҷомеаҳои мутобиқ ва устувор дар муҳити зисти худ (ARCH)", ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”-ро рӯзҳои 26-27 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва ВАО иштирок доштанд.
27.08.2024

Рӯзҳои 12 то 17 августи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ “WFP” семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуданд.
16.08.2024

Санаи 13 августи соли 2024 намояндагон дар сатҳи Муовини директори генералии Бонки Осиёии Рушд (БОР) Шяхонг Янг, Директори Бонки Осиёгии Рушд оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, хурока ва захираҳои табиӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ - Ясмин Сиддиқӣ ҷиҳати боздид ба стансияи барфу-тармасанҷии Майхура ва дидбонгоҳи обченкунии Ҳушёрӣ воқеъ дар н.Варзоб сафар намуданд. Меҳмононро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ., ва мутахассисони соҳавӣ ҳамроҳӣ намуданд.
16.08.2024

Санаи 12 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” оғоз гардид.
13.08.2024

08 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 июли соли 2024 ҳангоми мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар иброз дошта буданд ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, роҳандозии ҳамкориҳои олимон бо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати олимон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
08.08.2024

Рӯзҳои 30-31 июли соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ ва ширкатҳои машваратии "CIVITTA", "AICO", бо дастгирии молиявии Фонди иқлими сабз семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ"-ро дар ноҳияи Рашти НТҶ баргузор намуданд.
01.08.2024

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандони Агентии обуҳавошиносӣ пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бинои Агентӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
26.07.2024

17-18 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои машваратӣ (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фондӣ иқлими САБЗИ Созмони Миллали Муттаҳид семинари "Арзебии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор намуд.
19.07.2024

Санаи 17-уми июли соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат Конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум” дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
19.07.2024

11-12 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фонди иқлими сабзи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Ҳисор баргузор намуд.
16.07.2024