Ахбор
Санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
24.04.2023
Таърихи 12 феврали соли ҷорӣ зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Самеҳ Ваҳба, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Озан Севимли бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дидбонгоҳи обсанҷии Ҳушёрӣ ва стансияи барфутарамасанҷии Майхура, ки соли 2014 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба реҷаи худкорӣ гузаронида шуда буд, ба минтақаи Варзоб сафар намуданд.
24.04.2023
Санаи 8 феврали соли ҷорӣ роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳавӣ бо раҳбарон ва намояндагони дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ “SDC” дар Тоҷикистон – Ричард Шеневард, мушовири масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода – Шодибой Ҷаборов, роҳбари Барномаи Ташкилоти “Каритас дар Швейтсария” - Борис Орловский, роҳбари дафтари минтақавӣ – Шинан Кассам, мудири дафтари минтақавӣ- Сафаралӣ Ятимов, роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳо дар бахши обу ҳаво ва иқлим” – Ҳафиз Қаландаров ва намояндаи Хадамоти обуҳавошиносии Швейтсария – Омар Белпарт вохӯрии дуҷониба баргузор намуданд. Дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои обу ҳаво, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо матраҳ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатӣ байни роҳбарони Агентии обуҳавошиносӣ ва Хадамоти обуҳавошиносии Швейтсария ба тавофуқ расиданд.
24.04.2023
Санаи 23 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторӣ баргузори ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳисси ватандӯству худогоҳӣ тамошо намуданд.
24.04.2023
Таърихи 22 декабри соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи баррасии лоиҳаи «Сиёсати фарогирандаи гендерии Агентии обуҳавошиносӣ» баргузор гардид, ки дар рафти он тамоми воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
24.04.2023
Санаи 22 декабри соли 2022 дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ оид ба эълон намудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва «Таъсиси Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иштироки олимону коршиносон ва шарикони рушд баргузор гардид.
24.04.2023
Санаи 17 ноябри соли 2022 дар анҷоми кори Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб, ҳангоми пӯшидашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А.Ҳ. суханронӣ намуданд.
24.04.2023