Ахбор
Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М., инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
24.04.2023
Санаи 29 июни соли 2022 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид, ки дар он сардорони воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.
24.04.2023
Санаи 6 июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ва дигар шахсон расмӣ аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он боздид намуданд. Профессор Петтери Тааласро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ва коллективи Агентии обуҳавошиносӣ дар назди бинои Агентии обуҳавошиносӣ истиқбол гирифтанд.
24.04.2023
Санаи 7 июни соли ҷорӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Директори генералии Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳабибуллоев Шерзод Хабибуллохуҷаевич ва директории Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии обуҳавошиносии назди Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Агзамов баргузор гардид.
20.04.2023